Дастаи «Нозирони наврас»-и МТМУ №42 дар XXI слёти ҷумҳуриявии Нозирони ҷавони ҳаракати роҳ ба номи Г. Байтасови Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, сазовори мақоми якум гардида, сарбаландона ба Ватан баргаштанд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ғолибонро кормандони ВКДҶТ, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, кормандони ВКДҶТ дар шаҳри Душанбе, намояндаҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарони баъзе аз муассисаҳои таълимии ноҳия, маъмурияти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 ва падару модарони хонандагон самимона истиқбол гирифта, барои ғолибият ба даст оварданашон ба падару модарон ва омӯзгорону хонандагон изҳори сипосу миннадорӣ намуданд.
Дар ин мусобиқа наврасон донишу малакаи худро дар самти қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бехатарии ҳаракати нақлиёт, расонидани ёрии аввал ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ нишон дода, барои ҳифзи ҷони инсон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саҳми худро гузоштанд.
Бояд қад намуд, ки ба даст овардани ҷойи аввал дар чунин як чорабинии сатҳи байналмилалӣ барои хонандагони МТМУ №42 ва соҳаи таълиму тарбияи шаҳри Душанбе дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад. Ин муваффақият аз сатҳи баланди омодагӣ, масъулиятшиносӣ, донишу ҷаҳонбинӣ ва маҳорати наврасон шаҳодат медиҳад.
Тавре дар Дипломи Кумитаи полиси маъмурии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон зикр шудааст, дастаи «Нозирони наврас»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани ҷойи якум дар XXI слёти ҷумҳуриявии Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ ба номи Г. Байтасов дар байни кишварҳои ИДМ қадрдонӣ гардидааст. Ҷойи баргузории чорабинӣ — шаҳри Костанайи Ҷумҳурии Қазоқистон, соли 2026.
Ин пирӯзӣ на танҳо дастоварди хонандагони МТМУ №42, балки ғолибияти тамоми мардуми Тоҷикистон буда, натиҷаи заҳмати омӯзгорон, роҳбарони даста, кормандони РВКДҶТ дар шаҳри Душанбе ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмоалӣ буда, дар таълиму тарбияи чунин фарзандони қаҳрамону шуҷоъ саҳми падару модарон низ дар назар аст.
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ



